Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии се мухолифи давлати Русия


Леонид Волков
Леонид Волков

Се фаъоли мухолифи давлати Русия ба нишони эътироз аз сабти ном нашудан ба ҳайси довталаб ба мақоми номзад ба маҷлиси вакилони шаҳри Новосибирск ба гуруснанишинӣ шурӯъ карданд. Кумиссиёни шаҳрии интихоботии Русия Леонид Волков, раҳбари маъракаи тарғиботии мухолифон, довталабон Егор Севин ва Сергей Бойко ном накард. Мухолифони давлати Русия интихоботи қарибулвуқуи маҷлиси шаҳриро як навъ омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли оянда медонанд. Ҳар се нафар гуфтаанд, то замони баррасӣ шудани парвандаи онҳо дар Кумиссиёни марказии интихобот гуруснанишиниро идома медиҳанд. Мақомоти шаҳрии интихобот гуфтанд, ба далели тақаллубӣ будани баъзе аз имзоҳои ҷамъовардаи довталабон онҳоро ба ҳайси номзад сабти ном накарданд, вале худашон мегӯянд, иддаои кумиссиён асосе надорад.

XS
SM
MD
LG