Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Ҷилави "Аш-Шабоб"-ро бояд гирифт


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, гуфт, бомбгузории ахири пурқурбонӣ дар пойтахти Сомалӣ таъкиди дигар ба он аст, ки ҷилави гурӯҳҳои террористие чун “Аш-Шубоб” бояд гирифта шавад. Дар таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар канори як меҳмонсарои шаҳри Могадишо рӯзи якшанбе 15 нафар ҷон бохтанд.

Сарвари Амрико рӯзи 27 июл дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Ҳабашистон Ҳайлимариам Десалеғ дар шаҳри Аддис-Абеба гуфт, ки гурӯҳҳои наздик бо “Ал-Қоида” фақат маргу харобкорӣ меоваранд.

Обама афзуд, Амрико ва дигар кишварҳо бояд фишор болои “Аш-Шабоб”-ро, ки ба Ҳабашистон таҳдид мекунанд, бештар кунанд. Ӯ ҳамчунин аз мақомоти ин кишвар хост, ки аз саркӯбсозии расонаҳои мустақил даст бардоранд ва дар роҳи шаффофияти сиёсӣ монеъа эҷод накунанд.

Ҳабашистон, ки аз ҳампаймонҳои Амрико дар мубориза бо терроризм маҳсуб мешавад, ба хотири хатми нооромиҳо дар Сомалӣ нерӯҳояшро ба он кишвар фиристодаст.

Қарор аст, ки Барак Обама дар мулоқот бо бархе аз раҳбарони кишварҳои африқоӣ дар шаҳри Аддис-Абеба вазъи Судони Ҷанубӣ ва мубориза бо терроризмро ҳам баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG