Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ голи беҷавоби “Равшан” ба дарвозаи “Помир”


Рӯзҳои 25-26 июл бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд.

Бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки рӯзҳои 25-26 июл бо ширкати 16 даста (10 дастаи лигаи олӣ ва 6 дастаи лигаи аввал) барпо гардиданд, бо дақиқаи сукут ба хотираи Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, шурӯъ шуданд. Ёдовар мешавем, Ислом Маҳмадшоев бар асари бемории вазнини тӯлонӣ рӯзи 23 июл дар синни 36-солагӣ аз олам даргузашт.

“Истиқлол”-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, рӯзи шанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби бузурги 5-0 шикаст дод. Фатҳулло Фатҳуллоев ду гол, Парвизҷон Умарбоев, Аҳтам Назаров ва Манучеҳр Ҷалилов якголӣ заданд.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ бар “Канд”-и Конибодом, дастаи лигаи аввал, бо ҳисоби боз ҳам бузургтари 9-1 пирӯз шуд. Дилшод Каримов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҷаҳонгир Эргашев дуголӣ, Комрони Мирзохон, Икром Каримҷонов ва Дилшод Бозоров якголӣ заданд. Голи “Канд”-ро Азиз Баҳронов ба ҳадаф расонд.

“Хайр”-и Ваҳдат дар сафар бар “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Бозии “Панҷшер”-и Румӣ ва ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом ёфт.

Шоми якшанбеи 26 июл чаҳор бозии дигари даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба поён расид. «Равшан»-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар ба дарвозаи “Помир”-и Душанбе, ки аз ҳисоби бозигарони мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ташкил ёфтааст, нӯҳ голи беҷавоб зад. Шодибек Ғаффоров, ки се бор тӯбро вориди дарвозаи мизбонон намуд, хет-трик кард. Наврӯз Рустамов ду гол, Саидхони Амрохон, Бахтиёр Қаландаров, Акуффо Гершон ва Абдурасул Раҳмонов якголӣ ба самар расонданд.

Натоиҷи се бозии дигаре, ки рӯзи якшанбеи 26 июл баргузор шуд, чунин аст:

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) — «Исфара» (Исфара) – 7-0

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) — «Барқи тоҷик» (Душанбе) – 0-2

«Чашма» (Шаҳритус) — «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3-5

Бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 рӯзҳои 4-5 август баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои аввал

«ИСТИҚЛОЛ» — «ПАРВОЗ» — 5:0

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 8 (1:0). Аҳтам Назаров, 16 – аз пеналтӣ (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 58 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (4:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 90+1 (5:0).

Огоҳонида шуданд: Петро Ковалчук, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Шероз Абдуллоев, Абдумалик Юсуфов, Шоҳрух Тошматов («Парвоз»).

«ХУҶАНД» — «КАНД» — 9:1

Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 7 (1:0). Дилшод Каримов, 19 (2:0). Комрони Мирзохон, 24 (3:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 28 (4:0). Дилшод Каримов, 36 (5:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 41 (6:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 45 (7:0). Азиз Баҳронов, 60 (7:1). Икром Каримҷонов, 66 (8:1). Дилшод Бозоров. 74 (9:1).

Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзохон, Аҳтам Ҳамроқулов («Хуҷанд»).

«ПАНҶШЕР» — ССКА «ПОМИР» — 2:2

«САРОЙКАМАР» — «ХАЙР» — 1:2

«ПОМИР» — «РАВШАН» — 0:9

Голҳо: Саидхони Амрохон, 3 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 16 (0:2). Бахтиёр Қаландаров, 20 (0:3). Акуффо Гершон, 29 (0:4). Шодибек Ғаффоров, 32 (0:5). Абдурасул Раҳмонов, 63 (0:6). Наврӯз Рустамов, 73 (0:7). Наврӯз Рустамов, 77 (0:8). Шодибек Ғаффоров, 78 (0:9).

Огоҳонида шуд: Мӯсо Содиқ («Равшан»).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 0:2

Голҳо: Вайсиддин Сафаров, 15 (0:1). Самад Шоҳзуҳуров, 90+2 (0:2).

Огоҳонида шуданд: Беҳрӯз Сангинов («Далерон-Ӯротеппа»), Сергей Абрамов («Барқи тоҷик»).

«ЧАШМА» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 3:5

Голҳо: Аъзам Ҳамроев, 23 (1:0). Амин Нуралиев, 26 (2:0). Комил Саидов, 29 – аз пеналтӣ (2:1). Комрон Турсунов, 41 (2:2). Комил Саидов, 72 (2:3). Нозим Бобоҷонов, 84 (2:4). Ҷамолиддин Хоҷаев, 86 (3:4). Фаррух Чориев, 90+4 (3:5).

Огоҳонида шуданд: Алиҷон Холматов («Чашма»), Фирӯз Қараев, Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»).

Аз бозӣ хориҷ шуд: Алиҷон Холматов («Чашма»), 76 – барои ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

«ВАХШ» — «ИСФАРА» — 7:0

Голҳо: Мӯсоев, 15 – ба дарвозаи худ (1:0). Табрези Давлатмир, 20 (2:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 35 (3:0). Кароматулло Саидов, 39 (4:0). Ҳиматулло Малодӯстов, 40 (5:0). Табрези Давлатмир, 84 (6:0). Кароматулло Саидов, 85 (7:0).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Табрези Давлатмир («Вахш»), Исмоилхон Ҷӯраев, Абдувосит Абдуқуддусов, Мавлон Исмоилов («Исфара»).

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

4 август (сешанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

«Канд» — «Хуҷанд»

«Барқи тоҷик» — «Далерон-Ӯротеппа»

5 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:30

«Регар-ТадАЗ» — «Чашма»

«Парвоз» — «Истиқлол»

«Равшан» — «Помир»

«Исфара» — «Вахш»

ССКА «Помир» — «Панҷшер»

«Хайр» — «Саройкамар»

XS
SM
MD
LG