Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон пойгоҳи низомиро тасарруф карданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки Толибон баъд аз се рӯзи даргириҳо назорат бар як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Бадахшонро дар ихтиёри худ гирифтаанд. Солеҳ Валӣ Адебсаид-волии вилоят 26 июл гуфт, ки пойгоҳи низомии Тиргарон дар вулусволии Вардуҷ шоми 25 июл ба контроли тундравҳо даромадааст.

Ба гуфтаи волӣ, бештар аз 100 нафар афсарони пулис ба тундравҳо таслим шудаанд, зеро ба онҳо аз ҷониби ҳукумат нируҳои тақвиятӣ нарасидааст.

Лаъл Муҳаммад Аҳмадзай-сухангӯи пулиси вилоят гуфт, ки фармондеҳон бо Толибон дар асоси як тавофуқ таслим шудаанд ва ҳамаи таҷҳизоту техникаи низомии пойгоҳро ба онҳо супурдаанд.

Аҳмадзай афзуд, нируҳое, ки нахостаанд ба Толибон таслим шаванд, ақибнишинӣ кардаанд. Толибон дар эъломияе гуфтаанд, ки онҳо пойгоҳро бо 110 афсари пулис, аз ҷумла фармондеҳи пулис ва раиси пулиси марзӣ, боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG