Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 октябр дар Қирғизистон рӯзи интихобот эълон шуд


Алмосбек Атамбоев
Алмосбек Атамбоев

Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон 25 июл фармонеро дар бораи баргузории интихоботи порламонии ин кишвар имзо кард.Тибқи ин фармон интихобот 4 октябр баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст.

Бар асоси муқаррарот, интихобот аз рӯи феҳристи ҳизбӣ гузаронида мешавад. Ба порламон ҳизбҳое роҳ меёбанд, ки дар ҳар вилояти Қирғизистон, яъне дар ҳафт вилоят миқдори зарурии райи интихобкунандагонро соҳиб шаванд.

Ба Додситонии кулли кишвар дастур дода шудааст, ки дар ҷараёни омодагӣ ба маъракаҳои интихоботӣ риояи Қонуни Асосии кишварро таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG