Рамазон Раҳимзода -- вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ -- раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки панҷ моҳ боз берун аз кишвар ба сар мебарад, чизе таҳдид намекунад. Оқои Раҳимзода 25 июл дар ҳузури хабарнигорон дар Душанбе гуфт, "нисбат ба Кабирӣ таҳдиди куштор бошад, ё чизи дигар ба қайд гирифта нашудааст."
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, баъд аз интихоботи якуми марти соли ҷорӣ, ки ҳизби ӯ аз ду курсии қаблияш дар парлумон маҳрум монд, ба хориҷ рафт. Вай дар оғоз гуфт, барои иштирок дар чанд конфронс ва табобат ба берун аз кишвар рафта, дубора ба Ватан хоҳад омад.
Бозгашти ӯ дар айни таҷлил аз 18-солагии имзои Созишномаи сулҳ низ доғ шуд. Худи ӯ гуфт, мехоҳад, ин ҷашнро дар канори ҳамватанон дар Тоҷикистон таҷлил кунад. Ҳарчанд то Маскав омад ва дар як ҳамоиш дар бораи сулҳи тоҷикон иштирок кард, вале ба Душанбе барнагашт.
Он шабу рӯз Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз Муҳиддин Кабирӣ хост, ки то замони беҳтар шудани вазъ муваққатан ба Тоҷикистон барнагардад. Рӯзи 22 июни соли ҷорӣ Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин хоҳиши онҳо бар пояи афзоиши фишору таҳдидҳо болои аъзои ҳизб ва пахши навори таҳдидкунанда алайҳи Муҳиддин Кабирӣ гирифта шудааст.
Дар як навор, ки аз сӯи “Мавлавӣ Салмон”, узви гурӯҳи тундрави “Ансоруллоҳ” дар Интернет пахш шуда буд, аз сиёсатҳои ба қавли ин ҷавон "куфр"-и Муҳиддин Кабирӣ интиқод шуд. Ӯ гуфт, Кабирӣ хато мекунад, ки "ҷиҳод дар Сурияву Ироқ"-ро хушунат ва ҷанги бемаънӣ мешуморад.
Худи Муҳиддин Кабирӣ дар нимаи дувуми моҳи июн дар посух ба ин суоли Озодӣ, ки “Сабаб чӣ буд мусофирататон тӯл кашид? Оё ин ба таҳдиде ки аз номи намояндаи яке аз созмони ифротӣ алайҳи Шумо шуд, бастагӣ дошт ва ё ба ин сарусадоҳо дар бораи ифтитоҳи гӯё парвандаи ҷиноӣ ба зидди Шумо дар Тоҷикистон?” гуфт:
"Аз қабл гуфта будам, ки сафарам на камтар аз ду моҳ мешавад. Ҳам табобат буд ва ҳам ширкат дар чанд конфронси байнулмилалӣ. Албатта, таҳдидҳои видеоиро мо ҷиддӣ гирифтем, хусусан, пас аз он ки коршиносон ба гурӯҳҳои ифротӣ рабт доштани онҳоро зери суол бурданд. Агар таҳдид аз тарафи гурӯҳҳои ифротӣ бошад, чандон хатарнок нест, чун зиёд ингуна таҳдидҳоро кардаанд ва мақомоти давлатӣ ҳам масъул ҳастанд, ки дар чунин ҳолат ҳимоят кунанд. Аммо, вақте тарафи таҳдидкунанда мушаххас нест, дигар осебпазирӣ бештар мешавад.”