Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худовезии зан дар пайи муносибати бади шавҳар


Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 23 июл як сокини 25-солаи ин ноҳияро ба гумони “ба худкушӣ водор кардани ҳамсараш” боздошт кардаанд. Ба қавли мқомот, ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамсари 22-солааш муомилаи бад карда, “шаъну шарафашро дар назди аҳли оилааш паст задааст ва таҳдиду зӯроварӣ намудааст.” Дар натиҷа, ҳамсари ин мард рӯзи 28 майи соли ҷорӣ дар болои боми хонаашон худро ба дор овехтааст. Ҳоло Додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов бар асоси моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ дар робита ба ин қазия парванда боз намудааст.

XS
SM
MD
LG