Танҳо дар нимаи аввали соли 2015 ва танҳо аз шаҳри Санкт-Петербург 990 муҳоҷири ғайриқонуниро берун кардаанд. Маркази матбуоти Хадамоти федеролии приставҳои Петербург гуфтааст, ҳамаи онҳо ба далели вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат дар қаламрави Русия ихроҷ шудаанд. Аксари ихроҷшудаҳо аз Тоҷикистону Узбакистон будаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҷамъи шаҳрвандони тоҷикеро, ки аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шудаанд, беш аз 300 ҳазор ҳисоб мекунанд.
Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград тақрибан 80 000 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.