Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоран Фабиус ба зудӣ ба Эрон меравад


Лоран Фабиус ва Муҳаммад Ҷавод Зариф
Лоран Фабиус ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, хабар дод, ки барои музокироти густурда бо мақомоти Эрон ҳафтаи оянда ба Теҳрон меравад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Фаронса ӯ рӯзи 21 июл гуфт, ки қарор аст дар чаҳорчӯби сафараш бо раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ мулоқот кунад.

Ёварони Фабиус ба хабаргузориии AFP гуфтанд, ки ин сафар шояд рӯзи 29 июл сурат бигирад.

Лоран Фабиус дуввумин мансабдори воломақоми аврупоӣ хоҳад шуд, ки баъд аз имзои созиши ҳастаӣ бо Эрон ба Теҳрон сафар мекунад. Аз ин пеш Зигмар Габриэл, муовини садри аъзм ва вазири иқтисоду энерҷии Олмон, шоми 20 июл вориди Теҳрон шуд. Бино ба изҳороти расмие, ки вазорати иқтисоду энерҷии Олмон нашр кард, муовини садри аъзамро дар ин сафар гурӯҳи хурди намояндагони ширкатҳои бузургу гурӯҳҳои саноатӣ ва донишмандон ҳамроҳӣ мекунанд. Хабаргузории олмонии DPA қаблан иттилоъ дод, ки Зигмар Габриэл аз Теҳрон ва Исфаҳон дидан мекунад ва бо раҳбарони Эрону масъулони бахши иқтисодии ин кишвар мулоқотҳо анҷом медиҳад. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки Зигмар Габриэлро раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба ҳузур мепазирад.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG