Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи 500 ҷангии тоҷик парванда кушодаанд


Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Мақомоти Тоҷикистон шумораи ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурияро дастикам 500 нафар баршумурдаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 июл ба хабарнигорон гуфт, дар ин кишвар алайҳи 500 нафаре, ки дар сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” меҷанганд, бар асоси қисми сеюми моддаи 401-уми Кодекси ҷиноӣ (зархаридӣ, ҷалб, таълиб ва таъмини моливу моддии зархаридон, ҳамчунин истифодаи онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бино ба омори вазорати умури дохила, то имрӯз дар ҷангҳо дар сафи “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи апрели соли равон “Давлати исломӣ”-ро ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъ ворид кард.

XS
SM
MD
LG