Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари раққосаи 14-соларо муҷозот карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шабона дар тарабхона рақсидани як духтари 14-сола боиси ба додгоҳ кашондани модари ӯ шудааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ахиран як зани сокини Душанберо ба далели бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанди раққосааш 120 сомонӣ ҷарима бастааст. Ин яке аз нахустин мавридҳои ба далели раққосагии фарзандаш ҷарима шудани волидайн мебошад. То кунун бар асоси қонуни масъулияти падару модар асосан онҳое муҷозот мешуданд, ки аз рафтани фарзандони худ ба масҷид ва ё аз беҳудагардии онҳо пешгирӣ накардаанд.

Ин зан, ки дар гузориши сомонаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ танҳо ду ҳарфи аввали исмаш - "КО" - нашр шудааст, ба он айбдор мешавад, ки духтари ноболиғи 14-солаи вай - "КА Ҳалимовна" - шабҳо дар тарабхонаи "Фараҳноз" раққосагӣ мекард.

Дар гузориши додгоҳ омадааст, додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ алайҳи "КО" парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода буд, чунки "КО ӯҳдадориҳои худро дар самти тарбияи фарзанди ноболиғаш КА Ҳалимовна, санаи таваллудаш 03.08.2001, вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба таври лозима иҷро накардааст" ва дар натиҷа ин хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 26-уми Душанбе аз 1 феврал то 15 апрели соли ҷорӣ дар дарсҳо иштирок накарда, шабона дар тарабхонаи "Фараҳноз" ба рақс машғул шудааст.

Додгоҳ Исмоили Сомонӣ баъд аз баррасӣ ин занро ба андозаи 3 нишондиҳанда, яъне 120 сомонӣ ҷарима баст, ки бояд ба фоидаи давлат рӯёнда шавад.

Қонуни зиддунақизи “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар Тоҷикистон дар соли 2011 ба иҷро даромад. Ҳомиёни ҳуқуқ ин қонунро ба чолиш кашида, мегӯянд, ки он ба ҳарими ҳаёти шахсии хонаводаҳо дахолат карда, озодиҳои инсонии мардумро зери по мекунад. Аммо мақомот мегӯянд, ин қонун ба хотири таъмини тарбияи хубтари фарзандон аз сӯи волидон таҳия ва тасвиб шудааст ва баъди ба иҷро гузоштанаш мизони ҷинояткорӣ дар байни наврасон коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG