Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варуфакис ба наҷоти Юнон бовар надорад


Янис Варуфакис
Янис Варуфакис

Янис Варуфакис назвал, собиқ вазири молияи Юнон, изҳор намуд, ки барномаи Иттиҳодияи Аврупо барои наҷоти Афина аз варшикастагӣ ва хуруҷ аз минтақаи евро суқут хоҳад кард. Дар сӯҳбат бо Би-Би-Си, рӯзи 18 июл ӯ гуфт, ки барнома новобаста ба он ки аз тарафи кӣ иҷро мешавад, ноком хоҳад шуд.

Янис Варуфакис баъд аз назарсанҷие, ки дар он юнониҳо алайҳи ислоҳот ба ивази ироаи қарз райъ доданд, ба истеъфо рафт. Шоми ҷумъа хабар расид, ки нахуствазири Юнон Алексис Сипрас бо нӯҳ узви кобинаи вазиронро ба истеъфо фиристод – ҳамаи онҳо чун Варуфакси алайҳи созиши Афина бо Иттиҳодияи Аврупо райъ дода буданд.

Аз ин пеш вазирони молияи минтақаи евро барои ироаи ҳафт миллион евро ба Юнон ба тавофуқ расида буданд. Сипрас баъд аз мулоқоти тулонӣ бо раҳбарони кишварҳои қарздиҳанда розӣ шуд, ки ба ивази қарз аз ислоҳоти иҷтимоӣ, аз ҷумла, боло бурдани андоз ва коҳиш додани ҳаққи бознишастагӣ кор бигирад.

XS
SM
MD
LG