Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вакили парлумони Қирғизистон бо 100 000 доллар ришва


Ҳоҷимурод Коркмазов
Ҳоҷимурод Коркмазов

Мақомоти Қирғизистон як вакили парлумонро бо иттиҳоми гирифтани ришва ба маблағи 100 000 доллар дастгир кардаанд. Сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳоҷимурод Коркмазов ба он айбдор мешавад, ки аз наздикони вакили собиқ Наримон Тулеев 200 000 доллар тамаъ меҷуст. Тулеев дар соли 2013 бо ҷурми фасод маҳкум ба зиндон шудааст. Роҳат Сулаймонов гуфт, додситонии кулл алайҳи Коркмазов бо иттиҳоми фасод, талаби ришва ва сӯиистифода аз мақом парванда кушодааст. Коркмазов 62 сол дошта, аз қавми қарочой мебошад. Ӯ узви ҳизби Ота-Ҷурт буда, қаблан дар милиса кор кардааст ва унвони генерал-майорро дорад.

XS
SM
MD
LG