Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобоев: Бе ҳукми додгоҳ ҲНИТ баста намешавад


Қурбоналӣ Бобоев, раиси раёсати сабти номи созмонҳои иҷтимоӣ ва ҳизбҳои сисёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки қатъи фаъолияти ҳар ҳизби сиёсӣ дар ин кишвар ё дар анҷумани худи ҳизб эълон мешавад ва ё бо ҳукми додгоҳ қатъ мегардад.

9 июл Додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аъзои худро аз даст медиҳад ва дар ояндаи наздик мақоми як ҳизби сиёсиро гум хоҳад кард. Додситонӣ инчунин ин ҳизбро барои шӯҳратпарастӣ ва бефаъолиятӣ дар арсаи сисёсии кишвар муттаҳам донист.

Аммо Қурбоналӣ Бобоев дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳеч ниҳоди давлатӣ, аз ҷумла додситонӣ ва вазорати адлия наметавонанд фаъолияти ҳизби ба таври расмӣ сабтиномшудаи сиёсиро боздоранд. Ӯ афзуд, фаъолияти ҳизби сиёсӣ метавонад бо ҳукми додгоҳ қатъ шавад, агар он қонунҳои кишварро вайрон карда бошад ва ё ҳизб фаъолияташро бо тасмими анҷумани худ қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG