Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти 87 мавриди худкушӣ дар Кӯлоб


Акобир Иззатуллозода, додситони минтақаи Кӯлоб.
Акобир Иззатуллозода, додситони минтақаи Кӯлоб.

Акобир Иззатуллозода, додситони минтақаи Кӯлоб, 13 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин минтақа давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 87 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи вай, дар 40 ҳолат мардон ва дар 47 ҳолати дигар занон даст ба худкушӣ задаанд. Акобир Иззатулозода гуфт, аз ин шумора 31 нафари онро ноболиғон, аз ҷумла 27 тани онро хонандагони макотиби миёна ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи додситони минтақаи Кӯлоб, бештари ин ҳодисаҳо дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Кӯлоб рух додаанд. Иллати сӯиқасд ва даст ба худкушӣ задании ин афрод, ба омилҳои гуногун, аз ҷумла ба муноқишаҳои хонаводагӣ рабт дода мешаванд.

87 ҳолати худкушии сокинон дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

XS
SM
MD
LG