Амриддини Олим, хабарнигори Радиои Озодӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб чанд акс бордошт, ки ҳаёти бисёре аз наврасон дар наздикҳои ин масирро бозгӯ мекунад.
Бисёре аз мактабхонҳо дар таътилоти тобистонӣ дар ин масир ба майдафурӯшӣ машғул мешавад, то ниёзи худу хонаводаҳояшонро то андозае бароварда кунанд. Ин наврасон, ки аксарияташон аз 7 то 14-сол доранд ва хонаҳояшон дар наздикии шоҳроҳ воқеъ аст, мегӯянд, ки дар рӯзҳои таътилоти тобистона аз 20 то 25 сомонӣ ба даст меоранд.
Маводе, ки онҳо ба фурӯш мегузоранд, маъмулан аз қурут, чои хунук, кунҷит, нахудбирён гардумбирён, нӯшобаҳо иборат мебошад, ки онро дар хонаҳояшон омода намуда ва ба мусофирон пешкаш мекунанд.
Ин наврасон мегӯянд, ки дар мавсимҳои дигар низ қабл ва баъд аз дарс ба фурӯши "дастранҷ"-и худ машғул мешаванд ва аммо ҳоло, ки фасли тобистон аст, фурсати зиёд доранд, то аз субҳ то бегоҳ саргарми ин кор бошанд.
Масири Душанбе-Кӯлоб яке аз ҷодаҳои серафтуомади кишвар ба шумор меравад ва ба илова мусофирони минтақаи Кӯлоб, мардуми вилояти Бадахшон низ аз ҳамин роҳ убур мекунанд.