Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили шаҳрванди ИМА дар Абу-Дабӣ эъдом шуд


Дар Аморати Муттаҳидаи Араб як зани 31-сола барои куштори як хонуми амрикоӣ – корманди боғчаи кӯдакон дар моҳи декабри соли 2014 эъдом шуд. Бар пояи хабарҳо, ин зан таҳти таҳъсири ғояҳои тундгароёна даст ба куштор задааст.

Аъло Бадр Абдулло ал-Ҳошимӣ, шаҳрванди Аморати Муттаҳидаи Араб барои он ба марг маҳкум шуда буд, ки дар маркази тиҷоратии шаҳри Абу Дабӣ ба Ибола Райан, шаҳрванди руминтабори Амрико чанд корд задааст.

Ал-Ҳошимӣ ҳамчунин дар талоши тарконидани манзили як духтури мисритабори ИМА ҳам айбдор мешуд. Мақомоти амниятӣ бомбро сари вақт безарар гардониданд.

Бино ба иттилои полис, Ҳошимӣ аз тариқи интернет аз ғояҳои ифротгароёна бархӯрдор шуд ва ҳадафаш мушаххасан Ибола Райан набуд, ӯ барои куштори ҳар шаҳрванди ғарбӣ пайти мувофиқ меҷуст.

Ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз мусалмонҳо даъват кардаанд, ки шаҳрвандони хориҷии муқими кишварҳояшонро ба ҳар роҳу васила эъдом кунанд.

XS
SM
MD
LG