Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Юнон дар бораи кӯмакҳо тасмим мегирад


10 июл порламони Юнон роҷеъ ба ислоҳоти пешниҳодкардаи нахуствазир Алексис Тсирпас тасмим хоҳад гирифт. Ин ислоҳотро аслан кӯмаккунандагони байналмиллалӣ дар ивази кӯмакҳои молӣ пешниҳод намудаанд.

Бар зидди барномаҳои Тсипрас мумкин аст ҳамҳизбиёни вай аз ҳизби “Сириза” дар порламон рай диҳанд. Онҳо мавзеъгирии сахттаре доранд. Ҳизби “Юнониҳои мустақил” низ, ки ба эътилофи ҳоким ҳампаймон аст, мухолифи ин барномаҳо мебошад.

Рӯзи шанбе вазирони молии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо масъалаи кӯмаки молӣ ба Юнонро баррасӣ мекунанд. Онҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки кӯмаккунандагон бо Афина музокирот роҷеъ ба ин кӯмаки молиро оғоз кунанд ё хайр.

Муассиса ва кишварҳои кӯмаккунанда то ҳоло дар бораи барномаҳои Тсирпас тавзеҳот надодаанд. Дар ин барномаҳо боло рафтани андоз ва тағирот дар фонди нафақа дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG