Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - кишвари пенсионерҳои ҷавон


Мутахассисоне, ки бар асоси дастури нави ҳукумати Тоҷикистон ба нафақа гусел мешаванд, бар инанд, ки иҷрокунандагони ин супориш боз ҳам аз мақоли “ба ҷойи салла кала” кор гирифтаанд.

Мутахассисоне, ки бар асоси дастури нави ҳукумати Тоҷикистон ба нафақа гусел мешаванд, бар инанд, ки иҷрокунандагони ин супориш боз ҳам аз мақоли “ба ҷойи салла кала” кор гирифтаанд. Агарчи мақомоти Тоҷикистон ҳадаф аз сиёсати ахири кадриро ҷавонсозӣ ва ҷорӣ кардани хуни тоза ба бадани ҳукумат арзёбӣ мекунанд, вале таҳлилагарон бо мушоҳидаи вазъ мегӯянд, масъулин ҷомапушонӣ ва гусели иҷборӣ ба нафақаро аз соҳаҳое шурӯъ кардаанд, ки баръакс ба мутахассисони кордону ҳирфаӣ ниёз доранд. Сели гусел ба нафақа на ба профессори соҳаи физика раҳм кард ва на ба доценту духтуру муаллим.

Сумангули 58-сола, ки 39 сол чун дандонпизишк кор кардааст, мегӯяд, тибқи қарори ҳукумат, акнун бояд бонишаста шавад ва ҷойро барои духтури ҷавон холӣ кунад. “Ба ҷои мо ҷавононеро ба кор мегиранд, ки таҷриби корӣ надоранд. Ман намефаҳмам барои чӣ чунин супориш шудааст? Мо худ дастнигарем ва якбора аҳволамон бад мешавад» - мегӯяд Сумангул. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ба ин тартиб чандин ҳамсоли ӯро, ки дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла маорифу тиб фаъолият доштанд, ин шабу рӯз аз кор ҷавоб додаанд.

Шикояти бознишастҳои озурда аз гусели иҷборӣ ба нафақа дар ҳолест, ки раҳбарияти Оҷонсии хизмати давалтии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кор рондани табибон ва омӯзгорони синни бознишастаро амали ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад. Ҷумъа Давлатов, раиси Оҷонсии

Ҷумъахон Давлатов
Ҷумъахон Давлатов

хизмати давлатӣ рӯзи сешанбеи 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки барои аз кор хориҷ кардани кормандони синни бознишастагӣ дар бахши илму маориф дастуре содир нашудааст.

Ба таъкиди вай, маъракаи аз кор гусел кардани бознишастаҳо танҳо ба хизматчиёни давлатӣ рабт дошта, нафақахӯрони соҳаҳои дигар метавонанд корашонро идома диҳанд. ”Хизматчии давлатӣ баъди расидан ба синни ниҳоии нафақа, мувофиқи қонун бо ҳамин асос аз мансаб озод карда мешаванд. Ягон супориши дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон оиди соҳаҳои дигар нест.

Дар ҳақиқат мо ҳам дар соҳаи тиб ва ҳам аз норасоии омӯзгорон танқисӣ дорем, онҳо бояд фаъолияти худро идома диҳанд”, гуфт ӯ. Ҷаноби Давлатов гуфт, ин бознишастаҳо дар сурати иҷборан гусел шудан аз ҷониби раҳбарияти худ бояд аз ҳаққашон дифоъ кунанд ва “аризаи аз кор рафтанро нанависанд.” Ӯ таъкид кард, ки дар сурати пеш омадани чунин ҳолат, мутахасисиони таҷрибадор метавонанд ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намоянд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, синни нафақа барои мардон 63 ва барои занон 58 сол муқаррар шудааст. Вале имрӯз ҳам баъзе аз мансабдорони пешин, аз ҷумла Шералӣ Хайрулло, собиқ вазири дифоъ, Сафаралӣ

Шералӣ Хайруллоев
Шералӣ Хайруллоев

Наҷмиддинов, собиқ вазири молия, Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноат ва чанде дигарон бо вуҷуди расидани синнашон ба нафақа, дар вазифаҳои муҳими давлатӣ ҳамчунон фаъолият доранд.

Гурез Қосимзода, муовини аввали раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, «то судури ин дастур дар сафи хидматчиёни давлатӣ ҳудуди 500 нафақахӯр кор мекард ва ҳоло аз ин миён ҳамагӣ 8 нафар боқӣ мондааст. Мо аллакай вазорату идораҳои дахдлорро хабардор кардем, ки дар наздиктарин фурсат онҳоро аз кор озод кунанд”. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло теъдоди хизматчиёни давлатӣ 18 ҳазору 582 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миён наздики 24 дар сад занон ва ҳудуди 43 дарсад ҷавонони зери синни 35-сола ҳастанд.

Ҳамчунин 5561 нафар хидматчии давлатӣ дар мансабҳои раҳбарикунанда фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 1109 нафар ё 20 дар садро занон ва 1273 нафар ё ҳудуди 23 дар садро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар паи тағйироти ахири кадрӣ Умеди Раҳмони 32-сола, прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, Фарзона Хоҷаеваи 28-сола муовини раиси ноҳияи Ваҳдат ва Лочин Файзуллоеви 37-сола муовини якуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъин шуданд.

Ҷумъа Давлатов дар бораи синни нафақаи табибону омӯзгорон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

XS
SM
MD
LG