Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои нави Эрон дар музокироти ҳастаӣ


Мушаки баллистикии "Паёмбари аъзам"-и Эрон
Мушаки баллистикии "Паёмбари аъзам"-и Эрон

Эрон дар арафаи анҷоми зарбулаҷали гузошташуда дар музокироти барномаи ҳастаияш бо 6 қудрати ҷаҳонӣ шартҳои нав гузоштааст. Ҳарчанд мушакҳои баллистикӣ то ҳол дар рӯзномаи музокирот ва ҳам дар тавофуқи моҳи апрел эълоншуда набуд, як мақоми ғарбӣ гуфт, “эрониҳо мехоҳанд таҳримот дар мавриди мушакҳои баллистикӣ лағв шавад.” Як мақоми аршади Эрон дар Вена ба хабарнигорон гуфт, Теҳрон ҳамчунин лағви эмбаргои фурӯши аслиҳаро, ки СММ боло Эрон ҷорӣ кардааст, мехоҳад. Як дипломати аршади Ғарб аммо гуфтааст, ки ин масъала “ягон ҷои суол надорад.” Амрико ва кишварҳои дигари Ғарб мехоҳанд дастрасии Эрон ба мушакҳои маъмулиро маҳдуд кунанд, чунки Эрон як таҳрикдиҳандаи бузурги фаъолиятҳои низомӣ ва ҷангандозӣ дар Ховари Миёна – аз Яман сар карда то ба Лубнон – боқӣ мемонад. Амрико дар пайи эълони тавофуқи моҳи апрел гуфта буд, “маҳдудиятҳои муҳим дар мавриди силоҳҳои маъмулӣ ва мушакҳои баллистикӣ” бояд дар ҳар навъ санади нави СММ дар қиболи Эрон ҳифз шавад. Ин барои тасвиби қарордод бо Эрон дар Конгресси Амрико зарур аст. Аммо намояндаи ҳайати музокиротии Эрон гуфтааст, ки Теҳрон ба ҳаққи худ исрор меварзад ва вақте СММ таҳримҳоро мебардорад, тамоми таҳримот, аз ҷумла дар мавриди мушакҳои баллистикӣ низ бояд лағв шаванд.

XS
SM
MD
LG