Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қариб 50 000 қирғиз аз Тоҷикистон ба ватани бобоии худ кӯчидаанд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ҳоло барои кумак ба афроди бешаҳрванд камар бастаанд, ки солҳо боз дар дохили ин кившар зиндагӣ мекунанд ва ё аз берун ба он ҷо рафтаанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар тӯли бештар аз бист соли охир 50 ҳазор қирғизтаборон аз Тоҷикистону Узбакистон ба он кишвар рафтаанд, ки аз ин ҳисоб 80 дарсадаш аз Тоҷикистон будааст. Онҳо мегӯянд, ин кӯчокӯч мушкили сабтином ва, инчунин, масъалаи шаҳрвандии онҳоро пеш овардааст.

Аммо натанҳо қирғизтабороне, ки аз Тоҷикистону Узбакистон ба ватани аҷдодии худ рафтаанд, ба чунин мушкил мувоҷеҳанд, балки ҳазорҳо тан аз сокинони муқими Қирғизистон низ бидуни шиноснома будаанд. Ҳоло Хадамоти давлатии сабти ном дар Бишкек якҷоя бо Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳҷӯён гурӯҳҳои вижа ташкил додаанд, ки шахсони бешаҳрвандро пайдо карда, барои гирифтани шаҳрвандӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ба онҳо ёрӣ расонанд.

Ин гурӯҳҳои вижа мехоҳанд, ки сохтмонҳои нави атрофи шаҳри Бишкекро бигарданд ва чунин одамонро пайдо кунанд. Гуфта мешавад, дар атрофи Бишкек ҳудуди 48 хонаи навбунёд вуҷуд дорад ва дар ин хонаҳо тақрибан як миллион нафар ба сар мебаранд. Дар миёни онҳо шахсони бешаҳрванд, яъне онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд, зиндагӣ мекардаанд.

Набуди ҳуҷҷат ба онҳо имкон намедиҳад, ки ба таҳсилу хадамоти тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд ва ба ин тартиб аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ маҳрум мешаванд.

Барои мисол, дар натиҷаи кӯчокӯчии зиёд аз як хона ба хонаи дигар Насиба Ҷумъабекова ва шавҳараш ҳуҷҷатҳои худро гум кардаанд. Ҳоло онҳо дар хонаи навсохти “Кок-Жар” зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд барои 4 фарзанди худ ҳуҷҷат бигиранд.

Гузашта аз ин, ин зану шавҳар бидуни ҳуҷҷат наметавонанд дар ягон ҷо ба кор дароянд ва рӯзгори хонаводаро аз ҳисоби корҳои “ҳаммолӣ” ё муваққатӣ пеш мебаранд. Вале ин падару модар бештар аз сарнавишти ояндаи фарзандонашон нигарон ҳастанд.

Бино ба гуфтаи Насиба Ҷумъабекова, дар давоми панҷ соли охир вай ба ҳама ҷо муроҷиат кардааст, аммо талошҳояш ноком мондаанд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар Хадамоти давлатии сабти ном “кормандони мағрур” кор мекунанд ва онҳо ҳамеша одамонро аз як утоқ ба утоқи дигар мефиристанд.

То ҳол касе намедонад, ки дар хонаҳои навсохти Бишкек чанд нафар зиндагӣ мекунанд. Дуйшон Сотиболдиев, раиси бахши сабти номи Хадамоти давлатӣ мегӯяд, ки пештар чунин барномаро дар ҷануби кишвар пиёда карда буданд ва дар ҷараёни анҷоми ин барнома 7,5 ҳазор нафар бешаҳрванд ошкор ва сабти ном шуда, бештар аз 300 ҳазор нафар шиносномаҳои нав гирифтаанд. Сотиболдиев мегӯяд, ки соли оянда чунин корро дар вилоятҳои Норин ва Иссиқ-Кӯл анҷом хоҳанд дод.

Бино ба маълумоти мавҷуда, бисёре аз шаҳрвандон ҳуҷҷат надоранд ва то ҳол шиносномаҳои 20 сол пешро истифода мебаранд. Қисмати дигари одамон бо мурури замон ва дар шароити пешомада ҳуҷҷатҳои худро гум кардаанд.

Маки Шинораҳа, намояндаи Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон дар Қирғизистон мегӯяд, ҳоло дар ин кишвар шумораи бешаҳрвандон тақрибан ба 12 ҳазор нафар мерасад. Чун онҳо ҳуҷҷат надоранд, ҳуқуқи шаҳрвандиашон низ маҳдуд аст. Акнун дар давоми се моҳи оянда бешаҳрвандон метавонанд барои дарёфти шиноснома ба идораи шиносномадиҳии минтақаи худ муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG