Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои муҳофизи собиқи раисиҷумҳур дасту пойи "ВБ"-ро баст


Дар пайи даъвои муҳофизи пешини раисиҷумҳури Қирғизистон моликияти нашриёти "Вечерний Бишкек" ҳабс ва ҳисоби бонкияш баста шудааст.

Бо даъвои Эркин Мамбеталиев, муҳофизи собиқи Алмосбек Отамбоев -- раисиҷумҳури Қирғизистон моликияти нашриёти "Вечерний Бишкек" ҳабс ва ҳисобҳои бонкияш баста шудааст. Ҳоло ин нашрия дар бунбасти иқтисодӣ қарор гирифта ва, ба қавли вакили мудофеъ Сергей Воронтсов, наметавонад андози давлат ва маоши кормандонашро пардохт намояд.

Ба иттилои Воронтсов, додгоҳи ноҳиявии Свердловский бар асоси даъвои Мамбеталиев панҷ мошини "Вечерний Бишкек"-ро низ ҳабс кардааст. "Дар натиҷа, 250 корманди нашриёт бе кор мондаанд,"-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, "тамоми пардохтҳо тавассути ҳисоби бонкӣ сурат мегирифт. Ҳоло ҳатто андозро супурда наметавонем. Акнун фақат барои кори кардаи Мамбеталиев, ки тавонист озодии суханро бӯғӣ намояд, "ташаккур" мегӯем."​ Сергей Воронтсов афзуд, онҳо 29 июни соли ҷорӣ барои бекор кардани қарори додгоҳи ноҳиявии Свредловсикй ба додгоҳи шаҳри Бишкек муроҷиат кардаанд. Аммо то ҳол маълум нест, ин шикояти онҳо кай баррасӣ хоҳад шуд.

Эркин Мамбеталиев иддао дорад, ки "Вечерний Бишкек" шаъну эътибори ӯро паст зада ва барои он бояд 50 миллион сом ҷуброни зарари маънавӣ бипардозад. Нашрияи "Вечерний Бишкек" дар муроҷиатномае, ки моҳи апрели соли ҷорӣ нашр кард, гуфт, дар замони раҳбарии президентҳои собиқи Қирғизистон бисёр маъсалаҳои муҳимро Айдар Акаев ва Одил Тойгонбаев, баъдан Жаниш ва Максим Боқиевҳо ҳал мекарданд, ҳоло ин кор ба ӯҳдаи Икром Илмиянов ва Эркин Мамбеталиев вогузор шудааст.

Дар ҳоли ҳозир алайҳи "Вечерний Бишкек" чанд даъво дар додгоҳ қарор дорад. Марат Тоқоев, раҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии "Журналист" дар Қирғизистон мегӯяд, талоши худӣ кардани "Вечерний Бишкек" вуҷуд дорад, ки дар натиҷа хабарнигорон ранҷ хоҳанд кашид.

Аммо Тоқоев изҳори умед кард, ки ҳисоби бонкии "Вечерний Бишкек" ба зудӣ боз ва ин масъала дар замони наздиктарин баррасӣ хоҳад шуд. Александр Ким, молики "Вечерний Бишкек" гуфт, бидуни мошин корро пеш бурдан мумкин аст, аммо баста шудани ҳисоби бонкӣ корро чигил кардааст. Аз ҷумла, дар масъалаи пардохти маоши коргарон ва андоз.

Одамони наздик ба раисиҷумҳури Қирғизистон гуфтаанд, ки аслан дар баҳси додгоҳии "Вечерний Бишкек" даст надоранд.

XS
SM
MD
LG