Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти куштори духтарчаи 5-сола дар Хуҷанд


Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи куштори духтарчаи 5-сола дар шаҳри Хуҷандро шарҳ дод. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 2 июл дар шарҳи ҷузъиёти ин ҳодиса навишт, тақрибан соати 20:30-дақиқаи рӯзи 30-юми июн аз байни мошинсаройи назди бинои истиқоматӣ, дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ҷасади духтарчаи 5-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо даст буғӣ кардани гулӯ ва нишонаҳои алоқаи ҷинсӣ, дарёфт карда шуд. Ба иттилои ин манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо изи гармо-гармӣ шаҳрванди 53-сола, миллаташ рус, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани куштор ва таҷовуз ба номус дастгир карда шуд. Манбаъ мегӯяд, ки гумонбаршуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад. Ба иттилои масъулони вазорати корҳои дохилӣ, шахсе, ки дар куштори духтарчаи 5-сола гумонбар дониста мешавад, қаблан бо моддаҳои 124, 104 ва 139-и қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG