Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми 13 китоби мамнӯи салафӣ нашр шуд


Вазорати дохилаи Тоҷикистон номгӯи 13 китоберо нашр кардааст, ки ба равияи динӣ-мазҳабии салафия ва ё ваҳҳобия мансубанд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июн дар сомонаи расмии худ номгӯи 13 китобро нашр кардааст, ки ба равияи динӣ-мазҳабии салафӣ ва ё ваҳҳобия мансуб мебошанд. Аз ҷумла, китобҳои Солиҳ бин Абдуазиз бин Муҳаммад Оли-ш-Шайх - “Шарҳу Фазли-л-ислом ли Шайхилислом Муҳаммад Бин Абдулваҳҳоб ат-Таминӣ”, Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин - “Шарҳу Ламъату-л-иътиқод ал-ҳодӣ ила сабили-р-рашод ли-л-имом Муваффақиддин ибн Қаддома ал-Мақдисӣ”, Муҳаммад бин Носир бин Усмон Муъмир - “Фавокиру-л-изоб фи мӯътақад аш-Шайх Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб”, Абдуазиз ибни Боз - “Ал-Ҷуҳуду-лҲадисия”, Фаллоҳ ибни Исмоил Мандакор, “Ал-Илоқату байна-т-ташайюъу ва-тасаввуф”, Мусоид бин Суаймон ибн Носир ат-Тайёр – “Шарҳу Муқаддима фи усули-т-тафсир ли Ибни Таймия”, Солиҳ бин Абдуазиз бин Муҳаммад бин Иброҳим Оли-ш-Шайх – “Ал-Олиу-л-баҳияти фи шарҳи-л-Ақидати-л-воситая ли Ибни Таймия”, Ибни Таймия – “Ал-Маҷамуату-л-олийя” (мин кутуби ва рисоили ва фатво), Абӯубайд ал-Қосим бини Салом – “Китобу-л-имон. Ҳаққиқаҳу Муҳаммад Носируддин ал-Албонӣ”, Абдулқосим Абдулазим – “Фазлу илми-с-салаф ала илми-л-халаф” (силсилату расоили-д-даъвати-с-салафия), Абдуазиз бин Абдуллоҳ бин Боз – “Фавоиду мина-т-тафсир”, Убайд бин Абдуллоҳ бин Сулаймон ал-Ҷобирӣ –“Тайсиру-л-илоҳ би шарҳи Адиллати шурути ло илоҳа иллалоҳ ли Шайхислом Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб”, Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин – “Ал-Усулу мин илми-л-усул рисола мухтасара фи усули-лфиқҳ”

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон менависад, ки нашр ва пахши ин китобҳо дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ мебошанд ва ин феҳрастро Додситонии кулл манъ кардааст.

Фаъолияти равияи Салафия бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон аз январи соли 2009 ба унвони як созмони барангезандаи кинаву адовати динӣ дар ҷомеа манъ шудааст. Пайравони ин дин дар кишвар ба зиндон андохта мешаванд.

XS
SM
MD
LG