Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷангҳои ДОИШ кушта шудаанд


Бештар аз 300 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ба сафи тундравҳои созмони террористии “Давлати Исломӣ” ҷалб шудаанд ва барои ширкат дар ҷанг ба Сурия рафтаанд. 40 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар ин ҷангҳо то ҳол кушта шудаанд. Дар ин бора Эркин Дагенбаев-раиси идораи марказии Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон ба матъуот хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, “фаъолияти таблиғотӣ ва ҷалби афрод ба суфуфи ин созмон нигарноиҳо ба бор овардааст. Ин созмон эълон кардаст, ки дар қаламравҳои ишғолкардаи Ироқ ва Сурия халифати воҳид ташкил мекунад ва ба нақша гирифтааст, ки дар қаламрави як силсила кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ давлати исломии Хуросон ташкил мекунад”.

Дегенбаев гуфт, ки то ҳол дар ҷангҳои «Давлати Исломӣ» 40 нафар шаҳрвандони Қирғизистон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG