Пайвандҳои дастрасӣ

Дафни 27 қурбонии ҳамла ба масҷид дар Кувайт


Дар Кувайт ҳазорон нафар рӯзи 27 июн дар маросими дастаҷамъонаи дафни 27 нафари як рӯз пеш дар ҳамла ба як масҷиди шиаҳо кушташуда ширкат карданд.

Бар асари ҳамлаи маргталаб ба масҷиди Имом Садид дар шаҳри Кувайт тақрибан 200 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса чандин нафар, аз ҷумла, ронандаи мошине, ки маргталабро то ба масҷид расонида буд, боздошт шуданд.

Ҳазорон сунниҳову шиаҳо аз гӯшаву канори кишвар рӯзи шанбе дар Масҷиди бузурги Кувайт ҳамроҳ намоз гузоштанд. Бештари мардум бо худ парчами Кувайт ё парчами сиёҳи мотам доштанд ва “Сунниҳову шиаҳо бародаранд!” шиор мезаданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG