Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Ереван идома доранд


Кормандони полиси Ереван рӯзи шанбе хаймаи яке аз эътирозгарон алайҳи боло бурдани қимати барқро мусодира кард. Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ иттилоъ доданд.

Владимир Гаспарян, раиси полиси Арманистон, аз эътирозгарон, ки хиёбони ба номи Маршал Баграмян дар маркази пойтахтро банд кардаанд, хост то аз ақли солим кор бигиранд ва ба хиёбонбандӣ хотима диҳанд. Ӯ бо чанд узви парлумони Арманистон сӯҳбат кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунат чун “сипари зинда” миёни нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон қарор доранд.

Ба иттилои расонаҳо, дар маркази Ереван беш аз даҳ ҳазор нафар ҷамъ омдаанд. Шаби гузашта даҳҳо нафари дигар боз як хиёбони наздик ба маркази шаҳрро бастанд.

Теъдоди кормандони полис ва нерӯҳои сареъ дар канори бинои парлумон ва Кохи раёсатҷумҳурӣ афзоиш дода шуд.

Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян рӯзи ҷумъа изҳор намуд, ки ин намоишҳои зидди Русия равона нашудаанд. Қарор аст, ки созмонҳои армании муқими Маскав рӯзи шанбе як намоиши ҳамдилӣ бо эътирозгарон дар Ереванро доир кунанд.

Намоиши эътирозӣ дар Ереван рӯзи 19 июн баъд аз он шурӯъ шуд, ки комиссиюни танзими хадамоти ҷамъиятӣ нархи нерӯи барқро боло бурд.

XS
SM
MD
LG