Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғу тафреҳгоҳҳои на ба ҳама кӯдакон дастраси Душанбе


Барои истироҳати кӯдакону наврасон дар Душанбе чанд боғу тафреҳгоҳ вуҷуд дорад, аммо имкони истифода аз онҳо на барои ҳама даст медиҳад.

Шодиёна 6 сол дорад ва ҳар ҳафта аз модаркалонаш Марямбибӣ Алаева хоҳиш мекунад, ки ӯро ба тамошои боғи навсохти "Пойтахт" бубарад, то каме мисли бачаҳои дигар дилхушӣ кунад. Майрамбӣ Алиева хоҳиши кӯдакро иҷро кард, то дилаш нашиканад ва худро аз бачаҳои дигар камтар набинад.

Шодиёна, ки аз дидани бозигоҳи пур аз арғунчаку алвончак ва аспак чашмонаш барқ мезад, мехост ҳамаи онҳоро як-як бисанҷад. Ӯ аввал дар қатор савор шуд ва баъд дар мошинчаҳои бачагона нишаст. Гаштугузори модарбузург ва тафреҳи набера дар чанд дақиқа 70 сомонии онҳоро бурд ва агар Шодиёна боз ҳам пофишорӣ мекард, эҳтимол Марямбӣ Алаева аз нафақаи якмоҳааш ҳам маҳрум мегашт.

Мирзо Нуриддинов, сокини пойтахти Тоҷикистон як писар дорад ва дар хона ҳам ягона коргар аст. Ӯ дар яке аз сохтмонҳои пойтахт кор мекунад. Нуриддинов мегӯяд, бо он ки чизеро аз писари ягонааш дареғ намедорад, аммо харҷи 150 сомонӣ барои саёҳати яксоатаи кӯдак дар Боғи "Пойтахт" барояш гаронӣ мекунад.

Ҳол он ки маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон 250 сомонӣ ва маоши миёна 918 сомонӣ муайян шудааст. Ҳамсӯҳбати мо дар идомаи суханонаш гуфт, "таҷҳизоти тафреҳии хубе гузошта шудаанд, лекин нархашон баланд аст. Нархҳо аз 12 то 20 сомониянд. Танҳо дар рӯзҳои ид ин ҷо истироҳат карда метавонем"

Тафреҳгоҳҳои кӯдакон дар пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

Боғи "Пойтахт" маъмулан хеле серодам аст. Аттраксионҳои нав, ки бар пояи фанновариҳои ҷадид сохта шудаанд, боғро барои кӯдакон ҷаззобтар мекунанд. Теъдоди меҳмонони боғи "Пойтахт" дар рӯзҳои ид то 50 ҳазор нафар мерасад. Масъулон мегӯянд, ин рӯзҳо истисноиянд.

Гулчеҳра Шарифова, раҳбари боғи "Пойтахт"-и Душанбе гуфт, "даромади ин боғ гуногун аст ва ба шумори истироҳаткунандагон бастагӣ дорад. Аммо ин гуна истироҳат на ба ҳар як сокини Душанбе ё Тоҷикистон бо ин арзиш муяссар мешавад. Дар баъзе рӯзҳо мешавад, ки 1500 сокин ворид мегардаду боғ аз 15 то 16 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби онҳо даромад мебинад. Баъзан рӯзҳое мешавад, ки даромад ҳамагӣ аз 5 то 8 ҳазор сомонист."

Барои истироҳати кӯдакону наврасон дар Душанбе боғҳои дигар, аз ҷумла "Боғи Ҷавонон" (собиқ "Кӯли Комсомол") низ боз аст, ки макони тафреҳ ва истироҳати наслҳои гузаштаи Тоҷикистон буд. Ин боғ бо ҷойгир будан дар назди меҳмонхонаи панҷситорадори Ҳаятт Реҷенсӣ ва Кохи Наврӯз боз ҳам ҷаззобтар менамояд, аммо ба фарқ аз Боғи Пойтахт, бозигоҳҳои замонавӣ надорад. Ин аст, ки теъдоди хоҳишмандони саёҳат дар "Боғи Ҷавонон" зиёд нест.

Ғолиб Ҷалилов, як масъули "Боғи Ҷавонон" ба Озодӣ гуфт, дар як рӯз аз ин боғ 200 то 300 нафар дидан мекунанд. Аммо ин шумора дақиқ нест, зеро чаҳор самти боғ боз буда, вуруди сокинони сабт намешавад.

Дар Душанбе барои тафреҳи кӯдакон ду боғи истироҳатӣ - "Боғи Фирдавсӣ" ва "Боғи Ҷавонон" аз замони Шӯравӣ мерос мондаанд, ки онҳо низ аз буҷаи шаҳрдорӣ таъмини молӣ мешаванд. Аммо кӯдаконе, ки дар асри 21 бо Айпаду Айфон бузург мешаванд, мехоҳанд ба мисли қаҳрамонҳои дӯстдоштаашон худро дар “Диснейлэнд” эҳсос кунанд ва барои расидан ба хоҳиш, барои онҳо фарқ надорад, ки ҷайби падар ё остини бибӣ чӣ қадар пул дорад.

XS
SM
MD
LG