Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз гармо 500 нафар дар Покистон ҷон доданд


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки дар ҷануби ин кишвар аз таъсири ҳавои гарми серӯза 500 нафар ҷон бохтаанд ва дар бемористонҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст.

Дар шаҳри бандарии Карочӣ гармии ҳаво ба 45 дараҷа расидааст ва дар охири ҳафта дар ин шаҳр 500 нафар ҷон додаанд ва 10 нафари дигар дар қисматҳои дигари вилояти ҷанубии Синдҳ даргузаштаанд.

Як моҳ пеш дар кишвари Ҳиндустони ҳамсоя низ бори дуввум дар таърих гармтарин ҳаво мушоҳида шуд ва бештар аз 2000 нафар аз гармӣ фавтиданд.

Дар шаҳри Карочӣ, ки 20 миллион нафар аҳолӣ дорад, ба сабаби камбуди барқ низоми обрасонӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шуд ва ба аҳолӣ бо мошинҳо об мерасонданд.

XS
SM
MD
LG