Дидиер Рейндерс, вазири умури хориҷии Белгия, гуфт, кишвараш боз кардани ҳисобҳои бонкии сафорати Русияро шурӯъ кардааст. Ин ҳисобҳоро бар асоси даъвои додгоҳии ширкати собиқи Юкос масдуд карда буданд. Дидиер Рейндерс рӯзи 21-уми июн дар Чин гуфт, ки ҳисобҳои бонкии дипломатии Русия дар бонки ING-ро боз кардаанд. Ӯ афзуд, умедвор аст, ки “вазъ дар тамоми дигар бонкҳо дар рӯзҳои наздик ва аввали ҳафтаи оянда ҳамсон мешавад”. Русия баъди масдуд шудани ҳисобҳояш дар Белгия рӯзи 19-уми июн таҳдид кард, ки айни корро бо ширкатҳои фаъоли он кишвар дар қаламрави Русия мекунад. Ба гуфтаи намояндагони ширкати ЮКОС, Фаронса ҳам ҳисобҳои бонкӣ ва моликияти мутаалиқ ба давлати Русияро дар қаламрави худ бастааст. Додгоҳи ҳакамии Гаага соли гузашта гуфт, ки давлати Русия нисбати ширкати ЮКОС ғайриқонунӣ амал кардааст ва бояд ба он 50 миллиард доллар ҷуброн пардозад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, кишвараш амрҳои Додгоҳи ҳакамии Гаагаро эътироф намекунад.