Бо вуҷуди ҳаёҳу ва сару садои зиёд дар бораи эҳёи Ҷанги Сард, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, аз истиқрори эҳтимолии силоҳҳои вазнини НАТО дар Аврупои шарқӣ чандон нигарон нест. Владимир Путин рӯзи 16-уми июн баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Финландия дар як нишасти хабарӣ гуфт, нозирон набояд доир ба хатари НАТО муболиға кунанд. Вале гуфт, Владимир Путин “Мо ҳама тарафҳои ин иқдомро таҳлил мекунем, вале ман ягон чизеро намебинам, ки бахусус моро ба ташвиш андозад.” Аз ин пештар Владимир Путин гуфт, ки имсол Русия 40 мушаки нави байниқоравиро омода мекунад ва таъкид кард, ки ин мушакҳо фақат барои муҳофизати Русия аст. Владимир Путин ҳамчунин гуфт, ки Русия бештар аз ҳама аз барномаи дарозмудатти НАТО нигарон аст, ки мехоҳад, дар Аврупо системаи дифои мушакӣ ҷойгир кунад. Маскав пайваста аз ин барнома изҳори нигаронӣ кардааст ва эълони ӯ дар бораи мушакҳои нав низ зоҳиран посухе ба ҳамон барнома аст.