Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони панҷ маркази омодагии олимпӣ дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Дар сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ сохтмони 5 маркази омодагии олимпӣ баҳс шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар дидораш бо Томас Бах -- раҳбари Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ -- раиси Шӯрои олимпии Осиё, ки 15 июн бо сафари корӣ ба Душанбе омаданд, бунёди панҷ маркази омодагии олимпиро дар кишвар баррасӣ кардааст.

Оқои Раҳмон ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё барои саҳмашон дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, "барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имкону захираҳои истифоданашуда дар Тоҷикистон фаровонанд".

Томас Бах ва Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ изҳор доштанд, ки Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё минбаъд низ ба Кумитаи миллии олимпӣ ва варзишгарони Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, шиносонӣ бо сиёсати олами варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ ва ҷудо намудани стипендияҳо ба варзишгарони умедбахш дасти кумак дароз хоҳанд кард.

Меҳмонон, инчунин, бегоҳи душанбеи 15 июн ба қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, бо варзишгарону мураббиён, доварон, аъзои кумитаи иҷроия ва кормандони КМО мулоқот карданд. Дар ин мулоқот нахуст Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, иброз дошт, ки Тоҷикистон 21 сол инҷониб ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё дар тамоми чорабиниҳои варзишие, ки таҳти васоити Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё баргузор мегарданд, фаъолона ширкат меварзад.

Ҷаноби Раҷабалиев ҳамчунон ишора кард, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 дар Бозиҳои осиёӣ ва аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ иштирок менамояд ва дар ду Олимпиадаи охирин – соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон варзишгарони тоҷик се

медал – як медали нуқра оид ба гуштии озод ва ду медали биринҷӣ оид ба дзюдо ва бокси занона ба даст оварданд. Мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ панҷ медал – як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ гирифт.

Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамзамон афзуд, ки ҳоло варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд. Ба гуфтаи ӯ, 15 нафари онҳо гирандагони стипендияи олимпӣ мебошанд, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ маблағгузорӣ мешаванд. Варзишгари машҳури тоҷик гурзпарто Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 гардид”.

Баъдан Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, меҳмононро пазироӣ намуда, гуфт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи варзиш дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд ёфта, маблағгузории соҳа ҳамасола тадриҷан зиёд мегардад ва барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон иншоотҳои зиёди варзишӣ сохта шуданд.

Сипас Томас Бах ва Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ аз пазироии мизбонон миннатдорӣ карда, дар бораи ҳамкориҳои судманди Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷиҳати рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар ибрози назар намуданд.

Томас Бах ба Баҳрулло Раҷабалиев аз номи Кумитаи байналмилалии олимпӣ тӯҳфаи хотиравӣ супурд. Дар навбати худ аз номи Кумитаи миллии олимпӣ ба Томас Бах ва Шайх Аҳмад либоси миллии тоҷикӣ – ҷомаю миёнбанд – тақдим карда шуд. Инчунин ҳамаи аъзои ҳайат бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.

Аз номи варзишгарону мураббиён, доварону кормандони соҳа ноиби президенти Федератсияи самбои Осиё, узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо Маҳмуд Абдуллоев ва барандаи ҷоизаи биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева суханронӣ карда, ба меҳмонони олиқадр барои кӯмаку ғамхориашон ҷиҳати рушди варзиш дар Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Томас Бах, Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ ва ҳамроҳонашон аз Маркази ташхиси тиббии олимпӣ барои варзишгарон, ки дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар арафаи сафари меҳмонони олиқадр ба истифода дода шудааст, дидан карданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин сафари Томас Бах ба Тоҷикистон мебошад. Томас Бах, ки бо ҳайати Кумитаи байналмилалии олимпӣ тавассути ҳавопаймо аз Тошканд (Ӯзбекистон) ба Душанбе омад, рӯзи 16 июн ба Бишкек (Қирғизистон) парвоз кард.

Сафари раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

XS
SM
MD
LG