Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳони ИДМ ба Шӯрообод ва Ҳамадонӣ мераванд


Фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ (СНГ) рӯзи ҷумъаи 19 июн аз хатти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияҳои марзии “Ҳамадонӣ” ва “Шӯрообод” дидан намуда, бо қисмҳои ҳарбӣ ошно хоҳанд шуд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 18 июн дар Душанбе нишасти Шӯрои фармондеҳии нерӯҳои марзбонии кишварҳои ИДМ оғоз мешавад ва ду рӯз идома мекунад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи аслии ин нишаст, баррасии вазъи марз, роҳҳои беҳбуд бахшидани нерӯҳои марзбонии кишварҳо дар амри таъмини амнияти сарҳадӣ, роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва татбиқи нақшаи ҳамкории ин кишварҳо дар соли 2016 мебошад.

Қарор аст дар ин нишаст фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Русия, Узбакистон Қирғизистон ва Туркманистон ширкат кунанд. Тибқи иттилои манбаъ, дар ин нишаст фармондеҳи бахши марзбонии вазорати корҳои дохилии Афғонистон низ ҳузур хоҳад дошт. Ҷаноби Улуғхоҷаев афзуд, рӯзи охири нишаст фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ (СНГ) аз хатти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияҳои марзии “Ҳамадонӣ” ва “Шӯрообод” дидан намуда, бо қисмҳои ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ дар ин навоҳӣ ошно хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG