Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико раҳбари баландпояи тундравонро ҳадаф гирифт


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Мухтор Билмухтор, яке аз фармондеҳони баландрутбаи тундравони исломиро дар Либия ҳадаф гирифтааст. Ба гуфтаи вазорати дифои Амрико, ҳавопаймои ҷангӣ, ин фармондеҳи тундравонро рӯзи 13-уми июн ҳадаф гирифт. Вазорат қатли Мухтор Билмухторро таъйид накардааст, вале ҳукумати Либия гуфт, ки ин фармондеҳ ва шариконаш дар шаҳри Аҷдабия кушта шуданд. Дар гузашта ҳам дар бораи қатли ин фармондеҳ гузориш дода буданд. Вазорати дифои Амрико гуфт, Билмухтор аз чеҳраҳои баландояи Ал-қоида дар Мағриби Исломӣ, “раҳбари амалиётҳои Ал-Мурабитун, як созмони шарики Ал-қоида дар шимолуғарби Африқо будааст.” Ӯро тарҳрези аслии ҳамлаи хунин ба як корхонаи истихроҷи газ дар Алҷазоир медонанд, ки соли 2013 рух дод ва дар натиҷа 38 нафар ва аксаран хориҷиён кушта шуданд. Баъди сарнагун кардани Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия дар соли 2011 ин кишвар гирифтори ҳарҷу марҷ шуд ва то ҳол гурӯҳҳои рақиб барои ба даст овардани ҳукумат ҷанг мекунанд.

XS
SM
MD
LG