Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Доминик Стросс-Кан эълон мешавад


Додгоҳи шаҳри Лилли Фаронса рӯзи 12 июн гунаҳкор будан ё набудани Доминик Стросс-Кан, раиси пешини IMF ё Сандуқи байнулмилалии пул, дар ташкили маҳфилҳо дар меҳмонсарои Carlton бо ширкати фоҳишаҳоро эълон мекунад. Ӯ ҳамроҳ бо 12 нафари дигар дар мусоидат ба фаҳш ва фурӯхтани фоҳишаҳо айбдор мешавад.

Вакилони дифоъи Доминик Стросс-Кан мегӯянд, ки шахси таҳти ҳимояташон аз ҳузури фоҳишаҳо дар ин шабнишиниҳо огаҳ набуд. Ба навиштаи расонаҳо, агар гуноҳи Доминик Стросс-Кан тасдиқ шавад, ӯ ба 1,5 миллион доллар ҷарима ва 10 соли маҳбас маҳкум хоҳад шуд.

Страусс-Кани чаҳор сол пеш дар пайи боздошт шуданаш бо иттиҳоми қасди таҷовуз ба номуси хидматкори як меҳмонсаройи Ню-Йорк аз мақоми раиси IMF истеъфо дод. Нафисса Диалло зидди Стросс-Канн ба додгоҳи шаҳрвандӣ шикоят бурда тақозои пардохти ҷубронпулии таҷовуз ба номусро карда буд. Стросс-Кан ин иттиҳом ва иддаои нависандаи фаронсавӣ Тристан Банонро, ки гуфтааст, дар соли 2003 метавонист аз ҷониби Стросс-Кан таҷовуз шавад, рад кард.

Соли 2011 раҳбари собиқи Сандуқи байналмилалии пул яке аз довталабони аслии курсии президенти Фаронса маҳсуб мешуд.

XS
SM
MD
LG