Як муҳоҷири тоҷик, ки барои риоят накардани қонунҳои муҳоҷирати Русия мунтазири истирдод ё депорт буд, дар боздоштгоҳи муваққатии хориҷиён дар Маскав шоҳраги худро буридааст. Дар ин бора ниҳодҳои интизомӣ ба матбуоти Русия хабар додаанд.
Бино ба хабарҳо, ин кор шаби сешанбе рух додааст. Шаҳрванди 40 солаи Тоҷикистон, ки тақрибан як сол дар ин боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад, аз навмедӣ ба ин кор даст задааст ва хостааст худкушӣ кунад.
Вайро ба бемористон интиқол доданд ва баъд аз кӯмаки тиббӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон дубора ба боздоштгоҳ бурда шудааст. Додгоҳ моҳи июли соли гузашта барои риоят накардани қонунҳои муҳоҷират ба ин шаҳрванд ҳукми истирдод содир карда буд.