Се сокини ҷавони ноҳияи Чехови вилояти Маскави Русия бо иттиҳоми ғорати 20 000 рубл ва телефони мобили ду муҳоҷир аз Тоҷикистон дастгир шудаанд. Пулиси ноҳияи Чехов ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ин ду муҳоҷир шаби 8 март дар рустои Сергеево ҳадафи ҳамлаи ғоратгаронаи як гурӯҳи наврасон қарор гирифтаанд. Ба пулис муяссар шудааст, ки ҳамагӣ баъди чанд соат се наврасро, ки дуи онҳо 18-сола ва якеи дигараш ҳамагӣ 15-солаанд, бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир кунад. Алайҳи ин гурӯҳ бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.