Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: G-7 таҷовузи Русия ба Украинаро баҳс мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, қабл аз ифтитоҳи нишасти дурӯзаи сарони G-7 ё «ҳафтгонаи бузург» - ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии олам гуфт, ки муқовимат ба таҷовузи Русия ба умури Украина ва ифротгароии исломӣ - ду мавзӯи меҳварӣ дар ин нишаст хоҳанд буд. Баъд аз маросими пазироӣ аз сӯисадри аъзами Олмон Ангела Меркел дар макони баргузории нишаст дар канори шаҳри Ҳармиш-Партенкирхен, Обама ба хабарнигорон гуфт, ки “ҳафтгонаи бузург” рӯи масоили таъсиси ҷойҳои нави кор ва мубориза бо тайғири иқлим ҳам тамаркӯз хоҳад кард.

Ба нишасти дурӯзаи сарони G-7 ё «ҳафтгонаи бузург» - ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии олам, ки бегаҳи якшанбе ифтитоҳ мешавад, Русия даъват нашудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, қарор аст, ки президентҳои ИМА ва Фаронса, нахуствазирони Бритониё, Ҷопон, Италия, Канада ва садри аъзами Олмон масоили мубрами сайёра – вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, мубориза бо фақр, набард бо терроризм ва тағйири иқлимро баҳсу баррасӣ кунанд.

Дар арафаи нишасти «ҳафтгонаи бузург»дар шаҳри Ҳармиш-Партенкирхен миёни полис ва мухолифони нишасти G-7 бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Аз ҳарду тараф чанд кас ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, дар намоиши эътирозӣ тақрибан ҳафтуним ҳазор нафар ширкат доштанд, полис шумораи эътирозгаронро 3600 нафар ҳисоб кардааст.

XS
SM
MD
LG