Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости вазири тоҷик дар бораи суботи Афғонистон


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шонгҳой барои барқарории сулҳ дар Афғонистон як силсила тадбирҳо андешида шавад.

Бино ба гузориши хабаргузориҳои Русия, дар ин бора Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар конфронсе дар Маскав дар мавзӯи “Амнияту субот дар минтақаи кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгҳой” изҳори ақида кардааст.

Вазири тоҷик бо назардошти таҷрибаи солҳои ҷанг дар Тоҷикистон гуфтааст, ки раванди мусолиҳаи миллӣ талош ва кӯшишҳои зиёдеро талаб мекунад ва ин раванд бояд зери назари ҳукумати Афғонистон ва бо ҳамкории СММ ҷараён бигирад.

Вай дар ин раванд муқобилият бо таҳдидҳои кунунӣ ва муборизаи муштарак бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддирро омили муҳим номид.

XS
SM
MD
LG