Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Русия аз Сибир лулаи нави газ мекашанд


Ширкати “Газпром”-и Русия мегӯяд, ки Чин сохтмони лулаи гази газро оғоз кардааст ва мехоҳад гази Русияро ба Чин интиқол диҳад. “Газпром” 2 июн гуфт, ҳафтаи гузашта Чин дар қаламрави худ ба сохтмони лулаи газ шуруъ намудааст ва онро бо лулаи Сибир васл мекунад.“Газпром” ҳамчунин гуфтааст, ки музокирот роҷеъ ба лулаи Ғарб хуб пеш меравад ва он лулаҳои мавҷударо бо Чин пайваст мекунад.

Соли гузашта Русия ва Чин дар бораи эҳдоси лулаи газ як қарордоди 400 миллиард долларӣ имзо карданд. Дар қаламрави Русия барои ин тарҳ танҳо 55 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард. Ба он ҳафри чоҳҳои нави газ низ дохил мешавад.

XS
SM
MD
LG