Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои нави Эътилоф ба мавқеъҳои ҳусиҳо


Арабистони Саъудӣ рӯзи 1 июн ба зарбаҳо ба шибҳанизомиёни ҳусӣ дар шимолу ҷануб ва маркази Яманро аз сар гирифтанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, дар вилояти шимолии Саъд ба ҷуз зарбаҳо аз фазо мавқеъҳои ҳусиҳо мавриди ҳамлаи тӯпхона ҳам қарор гирифтанд.

Аз ин пеш тайи ду шабонарӯз дар марзҳои миёни Яману Арабистони Саъудӣ даргириҳо ба вуқӯъ пайвастанд ва аз ҷумла, ҳусиҳо аз вилояти Саъд ба шаҳри марзии Арабистони Саъудӣ – Наҷрон тақрибан 20 мӯшак андохтанд.

Зарбаҳои ҳавоии Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ моҳи марти соли равон ба хотири эҳёи қудрати раисиҷумҳури Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ шурӯъ шуданд, ки баъди аз сӯи ҳусиҳо ишғол шудани пойтахт - шаҳри Санъо ба Арабистони Саъудӣ фирор кард.

Ҳамлаҳои нав дар ҳоле аз сар гирифта шуданд, ки бар пояи иттилои ҳанӯз тасдиқнашуда, дипломатҳои амрикоӣ дар Уммон ба музокирот бо намояндагони ҳусиҳоро шурӯъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG