Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

121 миллион аз ҳисоби муҳоҷирон


Ҳукумати вилояти Самараи Русия мегӯяд, танҳо дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши патент ва андози супурдаи муҳоҷирон ба буҷаи вилоят 121 миллиону 783 ҳазор рубл, муодили 24 миллион доллар ворид шудааст. Ин назар ба айни давраи соли 2014 қариб 34 дарсад бештар будааст. Ин дар ҳолест ки дар 12 моҳи соли гузашта ин вилоят аз ҳисоби муҳоҷирон ҳамагӣ 200 миллион рубл ба даст оварда буд. Аксари муҳоҷирони кории хориҷӣ дар вилояти Самара аз Узбакистону Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон будаанд. Онҳо асосан дар сохтмонҳо, риштаи кишоварзӣ, савдо ва дар бахши коммуналӣ кор мекунанд. Аз соли нав барои муҳоҷирони корӣ дар Русия гирифтани патент ва супурдани андози иҷтимоӣ ва андози нафақа ҳатмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG