Додгоҳи ноҳияи Шӯрообод як тоҷири афғонро барои даст доштан дар гаравгонгирии сокини ин ноҳия гунаҳкор дониста, 11 сол равонаи зиндон кард. Файзмуҳаммад валади Муродалӣ, сокини деҳаи Шахопари вулусволии Шаҳрибузурги Бадахшони Афғонистонро додгоҳ бар асоси моддаи 181, қисми 2, бандҳои "б, в"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "гирифтани гаравгон бо маслиҳати пешакӣ ва бо воситаи силоҳ" ва бо банди 335, қисми 2 , "убури ғайриқонунии марз бо гурӯҳи муташаккил" гунаҳкор донист.
Ин марди 35-солаи афғонро мақомоти интизомӣ аввали соли ҷорӣ, замоне боздошт карданд, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди Боғи Рӯдакӣ сайругашт мекард.
Дар додгоҳи Шӯрообод Ҳотамхон Назриев, як сокини 23-солаи деҳаи Овиёи ин ноҳия шоҳидӣ додааст, ки охири моҳи июни соли 2014 чаҳор нафар ӯро аз манзили зисташ рабуданд ва як нафари онҳо ҳамин Файзмуҳаммад буд. Назриев ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте Файзмуҳаммад дар Душанбе боздошт шуд, мақомоти тафтишотӣ ӯро бо ин мард рӯ ба рӯ карданд ва ҳамон замон ӯро шинохт.
"Ман ӯро шинохтам. Ҳамон шаб бо чор нафар Файзмуҳаммад ҳам буд, ки вориди хонаи мо шуданд ва маро гирифта ба Афғонистон бурданд. Гуфтам, ки дар ҳақиқат дар дасташ силоҳ надошт, вале дигаронро раҳбаладӣ мекард. Ба куҷо маро бурданд ва дар роҳ чӣ гуфтанду ӯ чӣ кор кард, ҳамаашро гуфтам ва худаш ҳам тасдиқ кард," -- афзуд Ҳотамхон Назриев.
Абдуллоҳ валади Файзмуҳаммад, бародари ин мард гуфт, ҳоло тасмим доранд, вакили дифоъ кироя кунад ва аз ҳуқуқи бародараш дар зинаҳои болоии додгоҳ ҳимоя намоянд. Ӯ мегӯяд, бародараш тоҷир буд ва танҳо барои тиҷорат ба Тоҷикистон рафтуомад дошт.
Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ӯ бо баҳонаи тиҷорат вориди ин кишвар шуда, барои гаравгонгирон маълумот ҷамъоварӣ мекард.
Ҳотамхон Назриев, сокине, ки алайҳи ин мард дар догоҳ шоҳиди додааст, тобистони соли гузашта рабуда шуд ва ба Афғонистон интиқол ёфт ва гаравгонгирон барои раҳоии ӯ аз падараш 30 ҳазор долари амрикоӣ талаб карданд. Ин ҷавон мегӯяд, ки ҳадаф аз гаравгонгирӣ, дарёфти маблағи муфт буд, аммо мақомоти амниятии афғон ӯро бидуни пардохти гаравпулӣ озод карданд.
Се тан аз афроде, ки дар гаравгонгирии ӯ даст доштанд, дар Кобул муҳокима ва барои солҳои мухталиф равонаи зиндон шуданд, аммо ба гуфтаи мақомот, Файзмуҳаммад валади Муродалӣ -- нафари чаҳорум дар ин ҳодисаи гаравгонгирӣ, фирор кард ва бо иваз кардани исми худ дар шиноснома, вориди Тоҷикистон шудааст.
Дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод ҳамасола мавориди гаравгонгирии сокинон ба назар мерасад. Ҳатто се соли пеш низ ду ҷавондухтар аз минтақаи Кӯлоб ба Афғонистон бурда шуданд, ки то кунун барнагаштаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ин духтарон паноҳандагӣ дарёфт карда, расман аз бозгашташон ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.