Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии Эрон дар Ҷибутӣ лангар андохт


Ба киштии "Эрон Шаҳид" кӯмакҳои башарӣ бор мекунанд.
Ба киштии "Эрон Шаҳид" кӯмакҳои башарӣ бор мекунанд.

Як киштии эронии ҳомили кӯмакҳои башарӣ рӯзи 22-уми май дар Ҷибуттӣ лангар андохт ва ҳамингуна аз рӯёрӯӣ бо нерӯҳои Арабистони Саудӣ ва Амрико ҷилавгирӣ шуд. Эрон қасд дошт, ки кӯмакҳои башариро мустақиман ба Яман интиқол диҳад, вале баъдан аз ин раъйаш гашт. Дар бораи лангар андохтани киштӣ, хабаргузории нимарасмии Форс ва телевизиони давлатии Пресс ТВ хабар доданд. Барномаи Озуқаи Созмони Милал гуфтааст, ки кӯмакҳои башариро аз тарафи Эрон ба Яман мерасонад. Эрон ҳамин ҳафта ризоият дод, ки киштии борбари "Эрон Шаҳид"-ро нозирони Созмони Милал тафтиш кунанд ва эҳтимоли муноқиша бо нерӯҳои ба раҳбарии Арабистони Саудиро аз байн бурд, ки тамоми киштиҳои озими Яманро тафтиш мекунанд. Арабистони Саудӣ бим дорад, ки мумкин аст, аз ин роҳ ба ошӯбгарони ҳусӣ дар Яман аслиҳаву муҳимот бирасад. Арабистони Саудӣ ва шариконаш ду моҳ боз аст, барои ба қудрат бозгардонидани раиси ҷумҳури Яман талош доранд, ки қабилаҳои шиамазҳаб ҳусӣ ӯро аз мақомаш барканор карданд. Эрон қабилаҳои ҳусиро тарафдорӣ мекунад, вале иддаоҳо дар бораи таъмини онҳо бо аслиҳаро рад кардааст. Айни замон рӯзномаи Файненшл Таймс рӯзи 22 май гузориш дод, ки чаҳор киштии бузурги борбари Эрон чанд бор бе огаҳии пешакӣ ба бандарҳое дар Яман лангар андохтаанд, ки дар дасти ошӯбгарони ҳусӣ аст.

XS
SM
MD
LG