Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н. Назарбоев дар бораи роҳи Чин-Аврупо


Н. Назарбоев ва Сӣ Ҷинпинг- раҳбари Чин, акс аз бойгонӣ
Н. Назарбоев ва Сӣ Ҷинпинг- раҳбари Чин, акс аз бойгонӣ

Сохтмони бахши роҳи мошинрави “Аврупои ғарбӣ-Чини ғарбӣ” дар қаламрави Қазоқистон соли ҷорӣ ба поён мерасад. Дар ин бора Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар мулоқоти 8 иқтисодии Остона хабар дод.

Ин роҳ дар қаламрави Қазоқистон 2 ҳазор километрро ташкил медиҳад ва он на танҳо Қазоқистонро бо Аврупову Чин мепайвандад, балки Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистон низ ба он дастрасӣ пайдо мекунанд.

Назарбоев гуфт, ки роҳҳои мавҷудаи обӣ ҳоло наметавонанд ба мизони рӯзафзуни тиҷорати байналмиллалӣ ҷавоб диҳанд. Ҳоло тиҷорати миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Чин дар як сол 600 миллиард долларро ташкил медиҳад. То соли 2020 он ба 800 миллиард доллар баробар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG