Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри "Дӯстӣ" бо се забон барои сокинони Суғду Бодканд


Гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик ва қирғиз нашрияе бо номи "Дӯстӣ" таъсис додаанд, ки бо се забон матолиб нашр намуда ва миёни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон тавзеъ мешавад.

Гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик ва қирғиз барои сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон нашрияе бо номи “Дӯстӣ” таъсис додаанд ва қарор аст, шумораи нахустини он дар авоили моҳи оянда ба дасти хонандагон бирасад.

Тилав Расулзода, сардабири ин нашрия рӯзи 21 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷои чунин расонаҳои чопӣ барои сокинони манотиқи марзӣ холӣ буд ва ҳоло ба чопи шумораи аввали он дар моҳи июн дар байни сокинони марзии Бодканд ва Суғд ба таври ройгон паҳн шавад.

Вай афзуд, ки навиштаҳои ин нашрия дарбаргирандаи анъанаву суннатҳои неки ҳамсоядорӣ, инъикоси мушкилоти марзӣ ва масоил марбут ба зиндагии сокинони марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳад буд ва он бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ матолиб нашр хоҳанд кард

Оқои Расулзода гуфт, ки ин нашрия дар Қирғизистон сабти ном шуда ва ба чоп мерасад ва мақомоти вилоятҳои Суғду Бодканд аз чунин барнома, пуштибонӣ кардаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин рӯзнома Тилав Расулзода ва Неъматулоҳи Мирсаид ва аз ҷониби Қирғизистон ду рӯзноманигор ва як веростор фаъолият мекунанд.

Ин барнома аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкории Аврупо пуштибонии молӣ мешавад ва шаш шумораи он дар соли равон бо теъдоди 4 ҳазор нусхаи рӯи чоп меоянд. Муссисони нашрия мегӯяд, ки дар сурати муваффақ шудан, талош мекунанд, ки нашри онро бо сармояи худӣ идома диҳанд. Ин ягона нашрияе аст, ки дар минтақа барои сокинони ду ҷумҳурӣ бо забонҳои онҳо нашр мешавад.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG