Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти “Кӯкнор-2015” оғоз ёфт


Буттаи кӯкнор. Акс аз бойгонӣ
Буттаи кӯкнор. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 20 май дар Тоҷикистон амалиёти ҳарсолаи “Кӯкнор-2015” оғоз ёфт. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, ин амалиёт то 30 ноябр дар ду давра – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр - давом хоҳад кард. Нахустин ҷаласаи ситоди “Кӯкнор-2015” таҳти раҳбарии раиси ин ситод муовини якуми раҳбари Оҷонсии зидди маводи мухаддир Зафар Самадов рӯзи 19 май дар Душанбе доир шудааст.

Дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнор-2015” имсол баргузории амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддир таҳти унвони “Раъд-2015” (“Гром-2015”) дар чорчӯби созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Соли гузашта, ба гуфтаи мақомот, дар рафти амалиёти “Кӯкнор-2014” дар саросари Тоҷикистон 2 тоннаю 437 кило маводи мухаддир, аз ҷумла қариб 235 кило ҳероин, кашф ва мусодира шуда буд.

XS
SM
MD
LG