Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Протон-М" дар Сибири Шарқӣ суқут кард


Мушаки “Протон-М”, ки бояд маҳвораи мухобиротии мексикоии MexSat-1 (Centenario)-ро ба фазо мебаровард, дар Сибири Шарқӣ суқут кард. Дар ин бора оҷонии русии “Роскосмос” рӯзи 16 май хабар дод.

Ба иттилои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, ҳангоми суқути мушак дар вилояти Забайкалие ягон кас ва ягон мавзеъ осеб надидааст.

Мушаки маҳворабари “Протон-М” субҳи шанбе аз космодроми Байконури Қазоқистон ба фазо парвоз кард ва аммо баъд аз чанд дақиқа маълум шуд, ки он мушкили фаннӣ дорад. Маҳвораи мексикоии MexSat-1, ба иттилои расмӣ, “гум шудааст”.

Парвозҳои "Протон" то муқаррар кардани сабабҳои садама мутаваққиф шудаанд.

Мушакҳои "Протон" аз соли 1965 аз сӯи Маркази давлатии илмӣ-амалии кайҳонии Русия ба номи Хруничев тавлид мешаванд.

XS
SM
MD
LG