Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон додситони Пактикоро куштанд


Ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон додситони вилояти Пактикоро куштаанд. Наҷибулло Султонзайро шоми 14-уми май вақте куштаанд, ки дарашро ба рӯи фарди мусаллаҳе боз кардааст. Масъулияти қатлро Толибон бар дӯш гирифтанд. Моҳҳои ахир ҳамла ва сӯиқасдҳо ба ҷони мақомоти додгоҳии Афғонистон зиёд шудааст. Танҳо дар ҳамин моҳ ба автобуси кормандони додситонии кулли Афғонистон се дафъа ҳамла карданд. Ва дигар ин ки дар ҳамлаи мушакии як ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба мошини ҷангҷӯён дар вилояти Нангарҳор 5 ҷангҷӯ нафари онҳо кушта ва як тани дигарашон ҷароҳат бардоштааст. Мақомоти Амрико дар ин робита чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG