Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гоми дигари “Истиқлол” ба сӯи Ҷоми AFC (2 ВИДЕО)


«Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки бар “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 роҳ ёфт.

Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки дар даври охирини сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 бар тими “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5:2 ғалаба кард, ба даври ҳаштякниҳоӣ баромад.

Ин бозӣ шаби чаҳоршанбеи 13 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури беш аз 12 ҳазор мухлис хеле шавқовару пуршиддат сурат гирифт. Футболбозони тоҷик бо ҳунари волои худ мухлисонашонро шод гардонданд. Ду голи “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов зад. Ду голи дигарро Хуршед Маҳмудов ва Бледа Родригес ба самар расонданд. Як голи дигари “Истиқлол”-ро Раҳмат Шерматов, бозигари “Аҳал”, ба дарвозаи дастааш зад, яъне автогол.

Голҳои “Аҳал”-ро Мамедалӣ Караданов, капитани “Аҳал”, ва Олтимурод Аннадурдиев ба ҳадаф расонданд.

Баъди анҷоми ин бозӣ Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон чунин гуфт: Пеш аз ҳама ба мухлисони даста, ки барои дастгирии мо омада буданд, изҳори сипос мекунам. Чунон ки қаблан гуфта будам, «Аҳал» рақиби ҷиддист ва имрӯз моро асабӣ кард. Ташаккур аз бачаҳо, аз ҳамаи аъзои ситод, роҳбарият, ки мо вазифаи худро ба ҷо овардем”.

Дар навбати худ Борис Григорянс, сармураббии “Аҳал”, ба хабарнигорон иброз дошт, “баъди чунин ҳисоб чӣ гуна метавон дар бораи бозӣ андешаҳои худро баён сохт. Ҳамаи мушкилот дар он буд, ки мо ба он футболбозоне, ки бо сабабҳои гуногун дар бозии имрӯза ширкат карда натавонистанд, ҷойгузини сазовор ёфта натавонистем. Яке бемор буд, дигаре кортҳои барзиёди зард дошт. Ба мизбонон қоилам, ки бозии олиҷаноб, босуръат ва сазовор нишон доданд. Мо метавонистем, ки беҳтар бозӣ кунем, вале аз лаҳзаҳои голзанӣ пурсамар истифода карда натавонистем”.

Истиқлол: "Аз пирӯзӣ дар даври интихобии Ҷоми Осиё хушҳол ҳастем!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” “Ал-Қодсия”-и Кувайт дар майдони худ аз “Эрбил”-и Ироқ бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд, ки ин натиҷа ба нафъи “Истиқлол” шуд.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии шаш даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” "Истиқлол" бо 11 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 12-8) мақоми аввалро касб кард. Дастаи “Ал-Қодсия” бо 10 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 7-6) ҷойи дуюм ва "Эрбил" бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 8-8) ҷойи сеюмро гирифтанд. “Аҳал” бо 6 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 8-13) дар зинаи охирин – чорум – ҷойгир шуд. Ба ин тартиб, “Истиқлол” ва “Ал-Қодсия” ба ҳаштякфинал баромаданд. Вале “Аҳал” ва “Эрбил” аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гаштанд.

"Истиқлол" дар даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе​ бо дастаи "Ал-Ваҳда"-и Сурия, ки бо 11 имтиёз дар гурӯҳи “А” дувум шуд, вориди рақобат мешавад. Ин барои аввалин бор аст, ки як дастаи футболи Тоҷикистон ба ҳаштякфинали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳ меёбад.

Сабқати гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё шаби 13 май дар ҳамаи гурӯҳҳо ба поён расид. Аз рӯи натоиҷи он ҳамаи ҷуфтҳои даври ҳаштякниҳоӣ муайян шуданд. Ба ҷуз бозии дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо “Ал-Ваҳда”-и Сурия, дар бозиҳои дигари ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 26-27 май дастаҳои «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия), «Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт), «Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун), «Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг), «Ал-Шорта» (Ироқ) – «Кувайт» (Кувайт) ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявадӣ» (Мянмар) бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ дастаҳо танҳо як бозӣ анҷом медиҳанд.

"Истиқлол" бо ҳисоби 5:2 "Аҳал"-ро шикаст дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Ҷоми AFC-2015. Гурӯҳи «С». Даври 6-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон) – 5:2

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 9 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 28 (2:0). Бледа Родригес, 31 (3:0). Мамедалӣ Караданов, 32 (3:1). Раҳмат Шерматов, 54 – ба дарвозаи худ (4:1). Манучеҳр Ҷалилов, 90+1 (5:1). Олтимурод Аннадурдиев, 90+3 (5:2).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 84), Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров (Эраҷ Раҷабов, 73), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Умедҷон Шарифов, 81), Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

«Аҳал» (Туркманистон): Никита Горбунов, Беглӣ Муродов, Олтимурод Аннадурдиев, Қурбон Аннаев, Алибек Абдураҳмонов, Бегмурод Балакаев, Дамар Ботиров, Мурод Ҳамроев, Сулаймон Оразов, Мамедалӣ Караданов, Раҳмат Шерматов.

Огоҳонида шуданд: Никола Стошич, Петро Ковалчук, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Бегмурод Балакаев, Сулаймон Оразов («Аҳал»).

Сармураббӣ: Борис Григорянс.

Беҳтарин бозигари ин дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Тайиб Ҳасан Шамсуззамон (Бангладеш).

Нозири доварон: Носир Ал-Ғаффорӣ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Лиу Ҷинсонг (Чин).

13 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 12 000 тамошобин.

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:2

Голҳо: Луай Салоҳ, 45+1 (0:1). Ҳамад Амон, 49 (1:1). Муҳаммад Халид Ҷафал, 54 (1:2).

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1-3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2-0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) - 2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-2-0

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) -2-3

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0-0

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) – 0-1

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон) – 5-2

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ) – 1-2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

6

3

2

1

12-8

11

2

«Ал-Қодсия» (Кувайт)

6

3

1

2

7-6

10

3

«Эрбил» (Ироқ)

6

2

1

3

8-8

7

4

«Аҳал» (Туркманистон)

6

2

0

4

8-13

6

1/8 финал

26 май (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

«Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия)

«Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

27 май (чоршанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун)

«Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг)

«Ал-Шорта» (Ироқ) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявадӣ» (Мянмар)

XS
SM
MD
LG